Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2022

Новости за 20.03.2022

Се шоҳиди оташ задани вагони муҳоҷиронро иҷозати бозгашт ба Тоҷикистон доданд

Ozodi.org 

Мақомоти тафтишотӣ дар вилояти Иркутски Русия ба се муҳоҷири тоҷик, ки шаби 12-уми ноябри соли гузашта шоҳиди ҳамла ва оташ задани вагони зисти ҳамроҳонашон буданд, иҷозат додаанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд.

Порлумони Покистон ба "ҳомӣ"-и Толибон нобоварӣ кардааст

Ozodi.org 

Порлумони Покистон рӯзи 25-уми март мавзуи нобоварӣ алайҳи Имрон Хон, нахуствазири ин кишварро баррасӣ мекунад. Ин сахттарин имтиҳон барои Имрон Хон аз замони ба қудрат омаданаш дар соли 2018 мебошад. Мухолифин ӯро барои нодуруст идора кардани давлат, мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсати хориҷӣ танқид мекунанд. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки бо эҳтимоли зиёд порлумон мақоми Имрон Хонро лағв мекунад. Имрон Хон, як ҳомии сарсахти гурӯҳи Толибон дар Афғонистон дониста мешавад. Ӯ борҳо аз кишварҳои ҷаҳон... Читать дальше...

СММ Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои начандон хушбахт ҷой дод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро вориди рӯйхате кардааст, ки сокинонаш начандон хушбахтанд. Ин созмон рӯзи 19-уми март гузориши солонаи худ дар бораи вазъи зиндагии сокинони 146 кишвари дунё дар соли 2021-ро нашр кард. Мардуми Финланд бо мақоми аввал дар ин рӯйхат хушбахттарин ва мардуми Афғонистон дар охирин ҷой бадбахтарин мардуми дунё ном гирифтаанд. Тоҷикистон дар ин рӯйхат дар мақоми 83-ум қарор дорад, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна пасттарин ҳисоб мешавад. Соли гузашта Тоҷикистон дар ҷойи 62-уми қарор дошт. Читать дальше...

Акбари Турсон: Мавсими Наврӯз меояд, ҳумоюн фурсатест! Қисми 2

Ozodi.org 

уфтан кофист, ки ягон арбоби барҷастайи илму фарҳанги Аҷам дар ҳаққи забону маданияти қавму мардуми ғайр бадгӯйӣ накарда, урфу одатҳойи ягон халқро наҳ назада, аз рӯйи хусумати миллию мазҳабӣ ва ё кини таърихӣ ба иззати нафси мардуми ягон марзу буми бегона нарасидааст.

Бомба дар мактаби рассомӣ. Зеленский гуфт, ҳамлаи Русияро таърих фаромуш нахоҳад кард

Ozodi.org 

Мақомоти Украина гуфтанд, ки Русия як мактаби рассомӣ дар шаҳри бандарии Мариуполро бомбаборон карданд. Дар он мактаб, ба гуфтаи мақомот, ҳудуди 400 нафар паноҳ бурда буданд. Ҳанӯз аз захмиён ва фавтидагон хабаре нест. Аз ин пеш, дар бомбабороне театри дармаваии Мариупол тахриб шуда буд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар он низомиёни “Азов” ҷойгир буданд. “Азов”, як воҳиди низомии Украина аст, ки дар Мариупол муқоибили низомиёни рус меҷангад. Русия тахриби мактаби рассомиро низ “иғво” номид. Владимир Зеленский... Читать дальше...

Дар Украина фаъолияти ҳизбҳои ҷонибдори Русияро қатъ карданд

Ozodi.org 

Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина фаъолияти даҳҳо ҳизбу созмони ҷонибдори Русияро дар ин кишвар қатъ кард. Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки дар шароити ҷангӣ ин ҳизбу созмонҳо ба рӯҳияи сокинон осеб мерасонанд, аз ин рӯ қарор қабул шуд, ки муваққатан фаъолияти онҳо баста шаванд. Вячеслав Володин , вакили Думаи давлатии Русия ин қарорро "хатои навбатии Зеленский" номид. Ӯ гуфт, ки ин тасмим дар миёни ҷомеа ихтилоф меандозад. Дар миёни ҳизбу созмонҳои басташуда ҳизби мухолифи "Барои ҳаёт" низ ҳаст. Читать дальше...

Футболбозони тоҷик барои ширкат дар "Ҷоми Наврӯз-2022" ба Намангон мераванд

Ozodi.org 

Ситоди мураббиёни мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо сарварии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, рӯйхати бозигаронеро, ки ба даста барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон даъват мешаванд, эълон кард. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ба рӯйхат 25 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – дохил шудаанд. Тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба мусобиқаи «Ҷоми Наврӯз-2022», ки рӯзҳои 25-ум ва... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *