Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2022

Новости за 24.03.2022

Дар бораи бемории сил чӣ медонед?

Ozodi.org 

24-уми март рӯзи огаҳӣ аз бемории сил аст. Ҳар рӯз садҳо нафар дар ҷаҳон бар асари он ҷон медиҳанд. Пизишкон сабаби паҳншавияшро шароити номусоиди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ медонанд. Дар Тоҷикистон ҳам шумораи гирифторони сил кам нест. Хабарнигори Озодӣ аз мардум пурсид, ки дар бораи сил чӣ медонанд.

Саидҷон аз Днепр ба Олмон гурехт

Ozodi.org 

Аз тарси ҷанг беш 2000 шаҳрванди Тоҷикистон Украинаро тарк карданд. Ҳудуди дусад нафари онҳо донишҷӯ будаанд. Ояндаи таҳсили онҳо мисли поёни ҷанг дар ин кишвар норӯшан аст. Саидҷон Раҳимов, донишҷӯи Донишгоҳи Кимиё-Технологияи шаҳри Днепр аввали моҳи март ба Аврупо фирор кард ва ҳоло дар Олмон аст.

Наврӯзи Кӯлоб бо арӯсии 30 ҷуфт ва хатнаи 230 кӯдак

Ozodi.org 

Баъди бардоштани маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус, аз ҷумла иҷоза додан барои баргузории ҷашну тӯйҳо дар Кӯлоб маросими издивоҷи 30 ҷуфтро барпо карданд. Ҷашни арӯсии даҳҳо ҷуфт аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва таҷлили хатнасури садҳо кӯдак дар базмгоҳи наврӯзии Кӯлоб баргузор шуд.

Ба соҳибкорони туркман гуфтанд, ҳаҷми содироти маҳсулот ба Русия бояд афзоиш ёбад

Ozodi.org 

Мақомоти Туркманистон дар пасманзари таҳримҳо алайҳи Москва кишоварзон ва соҳибкорони маҳаллиро огаҳ кардаанд, ки мехоҳанд, ҳаҷми содироти сабзавоту мева, гӯшт ва маҳсулоти дигари ғизоиро ба Русия афзоиш диҳанд. "Мақомоти вилояти Марӣ бо кишоварзон ҷаласа баргузор карда, ҳушдор медиҳанд, ки қисми зиёди маҳсулоти ғизоӣ акнун ба Русия содир карда мешавад. Онҳо таъкид мекунанд, ки ба истеҳсоли лаблабу бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Мансабдорон гуфтанд, ки дар Русия мушкили норасоии шакар ва маҳсулоти гӯштӣ пеш омадааст. Читать дальше...

"Гум" шудани Вазири мудофиаи Русияро шарҳ доданд

Ozodi.org 

Мақомоти Русия нопадид шудани Сергей Шойгу, вазири мудофиаи ин кишвар аз чорабиниҳои оммавиро шарҳ доданд. Рӯзи 22-уми март Дмитрий Трешанин, журналисти рус дар Твитер навишт, ки Сергей Шойгу аз 11-уми март ба ин тараф дар телевизионҳо дида намешавад. Дмитрий Песков, сухангӯи Путин гуфтааст, ки ҳоло "вақти дар расонаҳо баромад кардан нест." Аз ин пеш, то 11-уми март расонаҳо пайваста Сергей Шойгуро намоиш медоданд. Бархе наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ сактаи қалб шудааст. Сергей Шойгу амалиёти низомӣ зидди Украинаро раҳбарӣ мекард. Читать дальше...



Қирғизистон гуфт, ба зудӣ бунёди "Қамбарота-1"-ро оғоз мекунад

Ozodi.org 

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 24-уми март дар як ҷаласа гуфт, рӯзҳои наздик сохтмони неругоҳи "Қамбарота-1" оғоз карда мешавад. Ӯ санаи дақиқи оғози бунёди неругоҳро зикр накард, вале изҳор дошт, ки ""Қамбарота-1" давоми 3-5 соли оянда ба истифода дода мешавад". "Манбаъҳои молӣ ҳастанд. Вазорати молияи Қирғизистон дар марҳалаи аввал барои бунёди неругоҳ рӯзҳои наздик 498 млн доллар равона месозад. Дар буҷаи имсола барои омодагиҳо ба оғози сохтмони неругоҳ 20 млн доллар пешбинӣ... Читать дальше...

“Аввал либоси исломӣ – баъд мактаб”. Толибонро барои фармони нав танқид карданд

Ozodi.org 

Толибон гуфтаанд, ки пас аз таҳияи либоси мактабӣ барои духтарон онгаҳ онҳоро барои таҳсил иҷозат хоҳанд дод. Толибон пештар ваъда дода буданд, ки рӯзи 23-юми март дари мактабҳои миёнаро ба рӯйи духтарон дар Афғонистон боз мекунанд. Онҳо мактабҳоро боз карданд, вале ҳамагӣ пас аз чанд соат бастанд. Вазорати маорифи Толибон гуфтааст, ҳар гоҳе либоси духтарон бар асоси шариат ва суннат тарроҳӣ шавад, онгаҳ иҷозаи таҳсилро хоҳанд дод. Онҳо гуфтаанд, барои боз кардани мактабҳои духтарона ҳоло бар... Читать дальше...

Президенти Узбекистон дастур дод, аз болоравии нархҳо пешгирӣ карда шавад

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 23-уми март дар як ҷаласа ба девони вазирони он кишвар дастур додааст, ки устувории нархҳоро дар бозори дохилӣ таъмин кунанд. Ба огаҳии Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, Мирзиёев дастур додааст, ки талаботи сокинон аз роҳи муътадил нигаҳ доштани нархҳо дар бозори дохилӣ ва кумак ба воридкунандагони орд, шакар, равғани растанӣ ва маҳсулоти дигари ғизоӣ таъмин карда шавад. Президенти Узбекистон таъкид кардааст, ки вазифаи асосии ҳукумати он кишвар коҳиши... Читать дальше...

Тақвими бозиҳои "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 тасдиқ шуд

Ozodi.org 

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) тақвими бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022-ро дар минтақаи Ғарб тасдиқ кард, ки дар гурӯҳи “А” дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон,  иштирок мекунад. Рақибони қаҳрамони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар) ва «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) мебошанд. Ҳамаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд. Читать дальше...

Мадлен Олбрайт, аввалин вазири хориҷии зан дар Амрико, даргузашт

Ozodi.org 

Мадлен Олбрайт, аввалин вазири хориҷии зан дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 23-юми март бар асари бемории саратон дар 84-солагӣ даргузашт. Билл Клинтон, раиси ҷумҳури пешини Амрико дар соли 1996 Мадлен Олбрайтро Вазири корҳои хориҷии ИМА интихот кард ва ӯ дар чор соли ахири ҳукумати Клинтон дар ин мақом кор кард. Дар он замон ӯ баландтарин рутбаи сиёсии занон дар таърихи ҳукумати Амрикоро дошт.  Мадлен Олбрайт соли 1937 дар Прага -- пойтахти Чехославакияи пешин ба дунё омад ва дар соли 1939... Читать дальше...

Рӯзноманигори "The Insider" Оксана Баулина дар Киев кушта шуд

Ozodi.org 

Хабарнигори расонаи "The Insider" Оксана Баулина дар натиҷаи тирпарониҳо дар шаҳри Киеви Украина кушта шудааст. "Ӯ ҳангоми наворгирии харобиҳо баъд аз ҳамлаи нерӯҳои Русия дар ноҳияи Подолскийи пойтахти Украина мавриди ҳамлаи нави мушакӣ қарор гирифтааст. Ҳамроҳи ӯ як сокини осоиштаи дигар низ ҷон бохта, ду шарикаш захмӣ ва бистарӣ шудааст", - менависад "The Insider". Баулина то ин дам дар Бунёди зидди коррупсия (ФБК) кор мекард ва бо Бахши русиягии Радиои Озодӣ ва "Медиазона" ҳамкорӣ дошт. ... Читать дальше...

Дар Туркманистон аксҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро "бармечинанд"

Ozodi.org 

Корхонаву муассисаҳои давлатии Туркманистон аллакай дастур гирифтаанд, ки аксҳои президенти ҳамакнун пешини ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо акси писараш Сардор Бердимуҳаммадов иваз кунанд. Сардор Бердимуҳаммадов, ки ба гуфтаи мақомоти Туркманистон, дар интихоботи президентӣ 72,97 дарсади овозҳоро ба даст овардааст, 19-уми март падарашро дар мақоми расиҷумҳури он кишвар расман иваз кард. Аксҳои президенти нави Туркманистон дар шуъбаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Лебапи он кишвар аллакай овезон шудаанд. Читать дальше...

Мария Захарова: Москва ва Киев ду бор асиронро табодул карданд

Ozodi.org 

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод, ки Москва ва Киев ду бор асиронро табодул карданд. Захарова дар ин бора дар посух ба суоли рӯзноманигорон роҷеъ ба изҳороти роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррел, ки Русияро ба анҷоми ҷиноятҳои ҷангӣ дар Украина айбдор кард, иттилоъ дод. Украина табодули асиронро рад мекунад. "Вазорати дифои Русия ҳамарӯза бо ташкили долонҳои башардӯстона сокинони осоиштаро ба ҷойҳои амн мекӯчонад. Ба ҷуз ин, миёни Украина ва Русия ду бор табодули асирон сурат гирифтааст"... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *