Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2022

Новости за 30.03.2022

Ду назар аз Тоҷикистон ба танқидҳои Афви Байнулмилал. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба гузориши Афви Байнулмилал ё Amnesty International, ки вазъи ҳуқуқи инсонро дар кишвар ҳамоно нигаронкунанда арзёбӣ кардааст, яксон нест. Иддае бо хулосаҳои гузориш ҳамнавоянд, вале баъзеи дигар "аз будаш зиёд" мешуморанд.

Вокуниши тоҷикон ба хулосаҳои Amnesty International

Ozodi.org 

Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба гузориши Афви Байнулмилал ё Amnesty International, ки вазъи ҳуқуқи инсонро дар кишвар ҳамоно нигаронкунанда арзёбӣ кардааст, яксон нест. Иддае бо хулосаҳои гузориш ҳамнавоянд, вале баъзеи дигар "аз будаш зиёд" мешуморанд.

Духтари тоҷик пас аз 13 сол роҳрав шуд. Волидон "хости Худо" мегӯянд, табибон никоҳи хешовандӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як духтари 13-солаи тоҷик, ки ҳамеша бо дасту пой дар рӯйи замин ҳаракат мекард ё ба қавле “чорғов” мерафт, акнун қадамҳои аввалини худро мегузорад. Ӯ дигар маҷбур нест, барои берун рафтан ба дасташ ҳам пояфзол бипӯшад.

Духтари тоҷик дар 13-солагӣ роҳ рафтанро меомӯзад. Чаро?

Ozodi.org 

Як духтари 13-солаи тоҷик, ки то ин дам бо дасту зонуҳояш дар рӯйи замин ҳаракат мекард, акнун қадамҳои аввалини худро мегузорад. Волидонаш гуфтанд, се бародараш низ мустақилона роҳ рафта наметавонанд. Пизишкон қазияро ба никоҳи хешутаборӣ рабт медиҳанд, волидон хости Худо медонанд.

Номаи домоду арӯсе, ки ҷасади овехтаашонро ёфтанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар вилояти Хатлон марги зану шавҳари ҷавонеро таҳқиқ доранд, ки ҷасади овезони онҳоро баъд аз се рӯзи тӯй ёфтаанд. Ҳодиса шаби 27-уми марти имсол дар Вахш рӯй додааст. Пайвандонашон ба худкушӣ будани ҳодиса таъкид доранд. Дар Додситонӣ гуфтанд, таҳқиқ ҷараён дорад, аммо парванда боз нашудааст.



Аз "мусодира" шудани заминаш шикоят дошт, вале ба "заминфурӯшӣ" гумонбар шуд

Ozodi.org 

Пайвандони Саидмуъмин Давронов, сокини ноҳияи Балҷувон, ки бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон, бар сари як порча замин даъвои додгоҳӣ дошт, ба заминфурӯшӣ гумонбар шудааст. Ӯро 25-уми марти имсол дастгир карданд. Наздиконаш ба бегуноҳии Давронов пойфишорӣ доранд.

Рӯзи панҷуми қаҳрамонии Осиё бо пирӯзии дучархасаворони Қазоқистон ва Ветнам хотима ёфт 

Ozodi.org 

Мусобиқоти қаҳрамонии велосипедронӣ ё дучархасавории Осиё дар шоҳроҳ, ки дар Душанбе бо ширкати беш аз 400 варзишгар аз 27 кишвари қора ҷараён дорад, имрӯз, 30-юми март, ба поён мерасад.

Дар "Ҷоми Наврӯз" Узбекистон ғолиб, Уганда дуюм ва Тоҷикистон сеюм шуданд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Узбекистон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалӣ тими миллии Угандаро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, барандаи "Ҷоми Наврӯз-2022" гардид. Бозии ниҳоӣ шоми сешанбеи 29-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Намангон баргузор шуд. Дар бозии ниҳоӣ дар ҳайати дастаи ғолиб Элдор Шомуродов се гол зада, хет-трик кард. Голи аввалинро дар ин дидор ҳамдастаи ӯ Ҷалолиддин Машарипов ба самар расонид. Ду голи мунтахаби Угандаро Фаруку Мия ва Милтон Кариса заданд. Сардовари ин... Читать дальше...

Дар Қирғизистон соҳибкорон талаб доранд, нархи шир гаронтар шавад

Ozodi.org 

Ҳудуди 50 соҳибкор аз вилояти Таласи Қирғизистон 29-уми март ба нишони эътироз тазоҳурот карданд. Онҳо талаб доранд, ки нархи шир гаронтар шавад. Бо эътирозгарон намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилоят Бакитбек Нарбеков мулоқот кард. Соҳибкорон гуфтанд, бо вуҷуди гаронтар шудани нархи маҳсулот ҳанӯз ҳам як литр ширро бо нархи 30 сом месупоранд. Намояндаи президенти Қирғизистон гуфт, комиссияи махсус вазъ ва талаби соҳибкоронро меомӯзад ва дар хариду фурӯши шири сокинон бояд миёнаравҳо коҳиш дода шаванд. Читать дальше...

Духтари Назарбоев хонаи боҳашаматашро дар Лондон мефурӯшад

Ozodi.org 

Дариға Назарбоева, духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хонаи боҳашамати худро дар шаҳри Лондон ба фурӯш гузоштааст. Хона дар Денвуд-роуди Лондон ҷойгир буда, бар ивази 11 миллиону 800 ҳазор доллар фурӯхта мешавад. Яъне, назар ба нархе, ки як ширкати марбут ба духтари Назарбоев соли 2008 онро харидорӣ карда буд, 300 ҳазор фунт камтар фурӯха хоҳад шуд. Ин дороии Назарбоева дар Лондон соли 2020 баъди он расонаӣ шуд, ки Оҷонси миллии Бритониё дар умури мубориза бо ҷиноятҳо манзилҳои... Читать дальше...

Amnesty International: Баҳои умри одам ба хок баробар шуд

Ozodi.org 

Ҳукумати аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро дар пайванд ба бемории коронавирус, саркӯби озодии баёну мунтақидон, истифода аз шиканҷаву бадрафторӣ дар хонаву боздоштгоҳҳо ва масоили дигар ба шиддат танқид кардаанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *