Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2022

Новости за 12.03.2022

Роҳи Душанбе-Чаноқ барои ҳаракат боз шудааст

Ozodi.org 

Ширкати муттасадии нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ эълон кард, ки ин роҳи ҳаётӣ, ки шимолу маркази Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад, дигарбора барои ҳаракати нақлиёт боз шудааст. Чанд қитъаи роҳи мазкур аз рӯзи панҷшанбе 10-уми март ба сабаби тарма ва барфи зиёд баста буд ва мардуми зиёде ҳам дар ду тарафи роҳ дармонда буданд. Ширкати “Innovation Road Solution” рӯзи 12-уми март дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки “роҳи Душанбе - Чаноқ аз барфу тарма пок шуда ва “ҳаракати тамоми намуди нақлиёт имконпазир... Читать дальше...

Фаронса гуфт, Путин майле барои хатми ҷанг дар Украина нишон надод

Ozodi.org 

Дафтари раёсати ҷумҳурии Фаронса гуфт, дар суҳбати телефонӣ байни раҳбарони Фаронсаву Олмон бо раиси ҷумҳур Владимир Путин ӯ ҳеч майле барои  поён додан ба таҷовуз дар қаламрави Украина нишон надодааст. Раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ва Олаф Шолтз, садри аъзами Олмон ки бо вуҷуди ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар ду ҳафтаи пеш, гуфтугу бо Владимир Путинро идома медиҳанд, дар ин суҳбати рӯзи 12-уми март дигарбора аз ӯ хостаанд, билофосила оташбас эълон кунад. Бино ба гузоришҳо, Эммануэл Макрон раиси ҷумҳури Русияро... Читать дальше...

Марзбонони тоҷику қирғиз гуфтанд, дар сарҳад набояд ҷанг шавад.ВИДЕО

Ozodi.org 

Ду рӯз баъд аз тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳалокати як сарҳадбони тоҷик, мақомоти ду кишвар паси мизи гуфтугу нишаста ва роҳҳои пешгирӣ аз такрори ин гуна ҳодисаҳоро баррасӣ кардаанд.

Украина мегӯяд, неруҳои Русия ба масҷиде зарба задаанд

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Украина гуфт, неруҳои Русия ба як масҷиде дар шаҳри Мариупол зарба задаанд, ки дар он 80 нафар аз ҷумла кӯдакон ва шаҳрвандони Туркия паноҳ мебаранд. Вазорат дар ин бора рӯзи 12-уми март хабар дод. Мақомоти Украина неруҳои Русияро ба ҳамла аз тӯпхона ба роҳҳое муттаҳам мекунанд, ки аз он роҳҳо мардумро ба ҷойҳои амн мебаранд. Онҳо мегӯянд, неруҳои Русия намегузоранд, ки ғайринизомиён аз ин шаҳри 430 000 нафарӣ берун раванд. Вазорати умури хориҷии Украина дар Твиттер навишт... Читать дальше...

Муҳиддин Кабирӣ барномаи баҳсбарангезашонро шарҳ дод

Ozodi.org 

Рӯзи 9 март созмони дар Тоҷикистон мамнуъи Паймони миллии Тоҷикистон, ки чанд ниҳоди мухолифи ҳукуматро муттаҳид мекунад, барномаи худро барои Тоҷикистон нашр кард. Дар он вазъи феълӣ буҳронӣ унвон ва ислоҳоти вазъ пешниҳод шудааст. Раҳбари паймон Муҳиддин Кабирӣ барномаро ба Радиои Озодӣ шарҳ дод.

Ҳинд гуфт, нохоста ба Покистон мушак партоб кардааст

Ozodi.org 

Мақомоти Ҳинд гуфтанд, ки тасодуфан ба хоки Покистон як мушак партоб кардаанд ва аз ин рӯ дастур додаанд, ки ин ҳодиса дар сатҳи боло таҳқиқ шавад. Вазорати дифои Ҳинд рӯзи 11-уми март дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Рӯзи 9-уми марти соли 2022 ҳангоми муоинаҳои маъмулӣ, нуқси фаннӣ сабаби партоби тасодуфии мушак шуд.” Дар баёния омадааст, ки ҳукумати Ҳинд, “масъаларо ҷиддӣ гирифт ва амр дод, ки он дар сатҳи баланд таҳқиқ шавад.” Пештар аз ин дар рӯзи 11-уми март, вазорати умури хориҷии Покистон гуфт... Читать дальше...



Дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон "танаффус" эълон карданд

Ozodi.org 

Масъули сиёсатгузориҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки матни ниҳоиии мувофиқатнома барои эҳёи созиши атомӣ байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ “асосан омода ва рӯи миз аст”, вале ба сабаби “омилҳои берунӣ” ниёзе ба таваққуф дар гуфтугуҳо аст. Ҳафтаи гузашта Русия талаб кард, ки замонат дода шавад, ки таҳримоти ғарбӣ ба зидди Русия ба сабаби ҷанг дар Украина монеи ҳамкориҳои иқтисодиву низомии Эрону Русия намешавад. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ, ин талабро рад карда гуфтанд, ки таҳримот ҳеч иртиботе ба эҳёи созиши атомӣ бо Эрон надорад. Читать дальше...

Дар Туркманистон интихоботи президентӣ идома дорад.

Ozodi.org 

Дар Туркманистон интихоботи зудраси раиси ҷумҳур идома дорад, ки онро як расмиёте барои супурдани қудрати аз дасти президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба писараш Сардор медонанд. Ҳамроҳ бо Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола дар интихобот 8 номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ ҳастанд, ки ҳамаашон афроди вафодор ба президент медонанд ва рақибони воқеӣ намешуморанд. Интихобот як моҳ баъд аз он сурат мегирад, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадови 64-сола 11-уми феврал ба порлумони Туркманистон гуфт, ният дорад... Читать дальше...

Тоҷикистону Қирғизистон тирандозии маргбор дар марзро баррасӣ доранд

Ozodi.org 

Ду рӯз баъд аз тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳалокати як сарҳадбони тоҷик, мақомоти ду кишвар паси мизи гуфтугу нишаста ва роҳҳои пешгирӣ аз такрори ин гуна ҳодисаҳоро баррасӣ кардаанд.

Толибон гуфтанд, "ДОИШ"-и тоҷикро дастгир карданд

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик шахсияти ҷавонеро, мушаххас карданд, ки дар Афғонистон боздошт шудааст. Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии Толибон бо нашри навори видеоӣ хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардааст.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *