Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2022

Новости за 10.03.2022

Нон дар Тоҷикистон гарон шуд. Баъзе аз тоҷирон дари дӯконҳоро бастаанд. ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Нархи орд дар Тоҷикистон боз гарон шуд. Агар ду рӯз пеш арзиши як халтаи 50-килоии он 270-280 сомонӣ буд, рӯзи 10-уми март ба 290- 325 сомонӣ расид. Ин вазъ сокинонро нигарон кардааст. Баъзе аз тоҷирон дӯконҳои ордфурӯширо бастаанд. Моликони бозорҳо мегӯянд, ҷое барои ташвиш нест.

"Аз куҷо бигирем ордро?"

Ozodi.org 

Нархи орд, яке аз маҳсулоти асосӣ барои хонаводаҳои тоҷик дар бозору дӯконҳои ордфурӯшии Тоҷикистон якбора гарон шуда, арзиши як халтаи 50-килоии он аз 270-280 сомонии рӯзҳои пеш то 290- 325 сомонӣ расид.

Амрико дигар аз Русия нафт намехарад

Ozodi.org 

Нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ якбора боло рафт. Ҷаҳиши нарх баъди он сурат гирифт, ки президенти Амрико Ҷо Байден гуфт, воридоти нафти Русияро ба кишвар манъ мекунад.

Тоҷикистону Қирғизистон гуфтаанд, ки тирпаррониро дар марз таҳқиқ мекунанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ кардаанд, ки нерӯҳоро ба маҳалли доимияшон баргардонда, тирпаррониро дар марз таҳқиқ мекунанд. Мулоқоти онҳо 10 март, пас аз тирпарроние, ки ба иттилои манобеъ, аз ҷониби Тоҷикистон як кушта ва як захмӣ ба ҷой гузошт, дар Бодканд баргузор шуд.

Дар Душанбе аз ҳамкорӣ бо Вашингтон гуфтанд. Амрико ба Тоҷикистон чӣ кумак кардааст?

Ozodi.org 

Дар як нишасте дар шаҳри Душанбе дипломатҳои Тоҷикистону Амрико дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар дар 30 соли гузашта суҳбат карданд. Чӣ гуфтанд ва чӣ ваъда доданд? Дар ин гузориш бубинед.



Тирандозӣ дар марз ва марги сарҳадбони тоҷик

Ozodi.org 

Рӯзи 10-уми март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни сарҳадбонони ду кишвар тирандозӣ сурат гирифт. Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Исфара гуфтанд, як кас кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст.

Пас аз ҳамлаи Русия ба зоишгоҳи Мариупол мардум аз минтақаҳои ҷанг мегурезанд

Ozodi.org 

Пас аз ҳамлаи маргбори нерӯҳои Русия ба як бемористон дар шаҳри Мариуоли Украина, ғайринизомиён талош доранд, ки аз манотиқи даргирӣ берун раванд. Бар асари ҳамлаи нерӯҳои русӣ ба як зоишгоҳ дар шаҳри Мариупол се нафар, аз ҷумла як духтари хурдсол ҷон бохтанд.

Вазорати дифои Русия асир афтодани сарбозонашро дар Украина тасдиқ кард

Ozodi.org 

Пештар аз ин мақомоти расмии Русия, аз ҷумла президенти он кишвар Владимир Путин, ба такрор гуфтанд, ки дар амалиёти ҷангӣ дар Украина танҳо афсарону сарбозони касбӣ ба таври шартномавӣ ширкат доранд.

Бародарзодаи дигари Саид Абдуллоҳи Нуриро дастгир кардаанд

Ozodi.org 

Мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд. Пайвандонаш иддао доранд, ки ӯ ба "гирифтани пул аз хориҷа" гумонбар аст. Ду моҳ пеш Нусратулло Саидов, бародарзодаи дигари Саид Абдуллоҳи Нуриро бо айни иттиҳом дастгир карда буданд.

Зоиров гуфт, ки чаро истеъфо дод ва як сол дар куҷо буд

Ozodi.org 

Раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар як соли охир дар матбуот кампайдо буд, сабаби истеъфояшро шарҳ дод. Раҳматилло Зоиров ҳамчунин андешаҳояшро дар бораи ҷанг дар Украина, баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар гуфт.

Пешсафии мизбонон дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Чин идома дорад

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ, ки дар Пекин ҷараён дорад, баъди натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот мунтахаби Чин бо касби 31 медал (10 тилло, 9 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Канада бо касби 16 медал (7 тилло, 2 нуқра ва 7 биринҷӣ) мақоми дуюм ва мунтахаби Украина бо касби 19 медал (6 тилло, 8 нуқра ва 5 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудаанд. Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Фаронса (4 тилло... Читать дальше...

Ҷаҳиши нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон. АКС

Ozodi.org 

Дар пайи боло рафтани қурби доллар дар баробари сомонӣ, нархи орд дар фурӯшгоҳҳои Душанбе дар муқоиса ба як рӯзи пеш тағйир ёфта, қимати як халтаи 50-килограмии он аз 30 то 60 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми март якбора боло рафта, 100 доллар ба 1300 сомонӣ баробар шуд. Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ субҳи панҷшанбе дар бозори "Саховат"-и Душанбе нишон дод, ки бо вуҷуди боло рафтани нархи орд, фурӯшандагон дари дӯконҳои худро бастаанд ва орд намефурӯшанд. Читать дальше...

Бонки миллии Қазоқистон барои ҳифзи қурби танга ҳудуди $200 млн фурӯхтааст

Ozodi.org 

Бонки миллии Қазоқистон мегӯяд, барои ҳифзи қурби пули миллии он кишвар 9-уми март 198,9 миллион доллари амрикоиро ба фурӯш баровардааст. Қурби тангаи қазоқӣ дар баробари доллар дар пасманзари беқурбшавии рубл баъди ҳамлаи Русия ба Украина ва эъломи таҳримҳои Ғарб зидди Москва ба таври назаррас поин рафт. Бонки миллии Қазоқистон гуфтааст, барои нигаҳ доштани қурби пули миллӣ фурӯши асъори хориҷиро оғоз кардааст. Аз ҷумла, охирҳои моҳи феврал дар давоми чанд рӯз 137 миллион доллар фурӯхта шудааст. Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *