Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2022

Новости за 04.03.2022

Мирзо Отаҷонов, ҷавони тоҷикро дар Амрико 22 сол зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Як зодаи Тоҷикистон дар Амрико ба 22 сол зиндон маҳкум шудааст. Мирзо Отаҷонови 32-соларо ба қатли Ҷереми Сафран, устоди бахши равоншиносии Донишгоҳи "The New School" дар Ню-Йорк, гунаҳкор донистанд. Профессори 66-сола моҳи майи соли 2018 ба қатл расид.

Гузоришҳо аз ҳалокати ду зодаи Дарвози Тоҷикистон дар ҷанги Украина. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тибқи хабарҳои расида, ду зодаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, Ҷамшед Худоиев (Холов) ва Шуҳрат Абдуллоев шаҳрванди Русия буданд ва бо шартнома дар артиши он кишвар хидмат мекарданд. Ҷониби Русия дар ин бора расман чизе нагуфтааст.

Неругоҳи атомии Украина дар ҷанг осеб дид

Ozodi.org 

Мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ҳашт рӯзи ҷанг дар ин кишвар нӯҳ ҳазор нафар ҳалок шудааст. Чанд шаҳри бузурги Украина дар муҳосираи нерӯҳои низомии Русия қарор дорад. Садҳо иншооти низомиву маъмурӣ хароб шудааст ва ҳазорон нафар аз тарси ҷанг Украинаро тарк кардаанд.



Блинкен гуфт, НАТО "хоҳони таниш" нест, аммо "омода аст" аз кишварҳои узв дифоъ кунад

Ozodi.org 

Изҳороти ӯ дар ҳоле аст, ки ҳампаймонҳои НАТО нишон медиҳанд, ки онҳо алайҳи таҷовузи Русия муттаҳид ҳастанд, аммо тамоюле ба эҷоди минтақаи парвози мамнуъ бар фазои Украина надоранд.

Ҳукми зиндон барои "хабари дурӯғ дар бораи артиш" дар Русия

Ozodi.org 

Думаи давлатии Русия рӯзи ҷумъа дар қироати севум тағйиротеро ба қонунгузорӣ қабул кард, ки барои паҳн кардани иттилои дурӯғ дар бораи амалиёти низомиёни ин кишвар зидди Украина ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

"Истиқлол" дар 4 бозии санҷишӣ дар Туркия натавонист пирӯз шавад

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар доираи ҷамъомади  таълимию тамринӣ дар Туркия чаҳор бозии санҷишӣ анҷом дод, шоми имрӯз, 4-уми март, ба Душанбе бармегардад. Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон бозии чаҳорум ва ниҳоии санҷиширо рӯзи панҷшанбеи 3-юми март бо бошгоҳи «Новосибириск»-и Русия баргузор кард. Ин бозӣ, ки дар майдони футболи маҷмааи варзишии «Папиллон»-и шаҳри Белек баргузор шуд, бо пирӯзии русиягиҳо бо ҳисоби 1:0 анҷом пазируфт. Читать дальше...

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров мегӯяд, захмӣ шудааст. Мақомот шарҳ намедиҳанд. САДО

Ozodi.org 

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз шахсони бонуфуз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иддао дорад, ки рӯзи 4-уми март дар як тирпарронӣ дар Хоруғ аз дасташ захмӣ шуд. Мақомот хабарро тасдиқ ё рад намекунанд.

Маҳмадбоқиров гуфт, ба ӯ тир задаанд

Ozodi.org 

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз шахсони бонуфуз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иддао дорад, ки рӯзи 4-уми март дар як тирпарронӣ дар Хоруғ аз дасташ захмӣ шуд.

Ба варзишгарони Русия ва Беларус иҷозаи ширкат дар Паралимпиадаи Пекин-2022 дода нашуд

Ozodi.org 

Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ (IPC) дар пасманзари амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина тасмими аслии худро тағйир дод. IPC дархости варзишгарони Русия ва Беларусро барои ширкат дар Бозиҳои паралимпии соли 2022 дар Пекин рад кард.

Гурҷистону Молдова барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо дархост доданд

Ozodi.org 

Роҳбари ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" гуфт, кишвараш нахуст тасмим дошт, ки ин дархостро соли 2024 бикунад, аммо "бо назардошти вазъи сиёсӣ" онро тезонд. Президенти Молдова Майя Санду ҳам гуфт, барои тезонидани раванди шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ариза супурдааст.

Вазири хориҷаи Украина: 19 кишвар силоҳ мефиристад, аз 16 кишвар ихтиёриён меоянд

Ozodi.org 

Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина рӯзи 2 март гуфт, ки 19 кишвар ба Украина силоҳ мефиристад ва аз 16 кишвар ихтиёриён ба ҷанги зидди Русия меоянд. "Мо тавонистем, ки зидди ҷанг эътилофи байналхалқӣ ташкил кунем. Дар эътилоф на камтар аз 86 кишвар ва 15 созмони байналхалқӣ шомил ҳастанд. 19 кишвар ба Украина аслиҳа мефиристанд ва бархе аз ин кишварҳо бори аввал аст, ки ба кишвари дигар аслиҳа медиҳанд. 10 кишвар кӯмаки молӣ мерасонанд ва 22 кишвари дигар кӯмаки башардӯстона. Ихтиёриён... Читать дальше...

Узбекистон барои берун овардани шаҳрвандонаш аз Украина 7 парвоз ташкил кардааст

Ozodi.org 

Барои расонидани узбекистониҳо ба ватанашон аз Лаҳистон ҳафт парвоз ташкил шудааст. Узбекистониҳо аз Украина ба Лаҳистон паноҳ бурда буданд. Ба иттилои вазорати нақлиёти Узбекистон, ҳавопаймои ҳафтум аз фурудгоҳи Катовитсеи Лаҳистон шоми 2 март парвоз кардааст. Бо парвози охир 181 шаҳрванди Узбекистон ба ватанашон оварда шудаанд. Аммо гуфта нашудааст, ки дар маҷмуъ чи теъдод узбекистониҳо аз Лаҳистон оварда шудаанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *