Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2022

Новости за 03.03.2022

Олмон киштии 156-метрии Алишер Усмоновро ҳабс кард

Ozodi.org 

Мақомоти Олмон киштии Алишер Усмонов, миллиардери узбектабори Русияро, ки зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гирифт, дар Ҳамбург боздошт карданд. Дар ин бора "Forbes" бо истинод ба се манбаи худ дар тиҷорати киштӣ хабар додааст.

"Тифлон дар таҳхонаҳо ба дунё меоянд." Бо идомаи ҷанг дар Украина талафот ҳам зиёд мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо гузашти ҳашт рӯз аз оғози ҷанг дар Украина, нерӯҳои Русия ба тирпаронӣ ва бомбаборони минтақаҳои аҳолинишини Киев ва шаҳрҳои дигар идома медиҳанд. Даври дувуми музокироти ҷонибҳо рӯзи 3-юми март оғоз шуд.

Мудири Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ ба Теҳрон меравад

Ozodi.org 

Ҳамзамон бо афзоиши эҳтимоли даст ёфтани Эрон ва Ғарб ба созиши ҳастаӣ, Рафаэл Гросси, мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, рӯзи панҷуми март ба Теҳрон сафар хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 3-юми март Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ хабар дод.

"Кор кам, қурби рубл поин". Оқибатҳои ҷанги Русия бо Украина барои муҳоҷирон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Таҳримҳои зидди Русия, ки дар посух ба ҳамлаи ин кишвар ба Украина ҷорӣ шуданд, ба кору даромади муҳоҷирони тоҷик таъсир кардаанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, аз як тараф талабот ба корашон кам шуд ва аз ҷониби дигар маошашон бо ҳисоби сомонӣ коҳиш ёфт.



"Ҳам аз қурб зарар мебинем, ҳам аз кор"

Ozodi.org 

Таҳримоти иқтисодӣ ба зидди Русия ва ҷанг дар Украина дар зарфи камтар аз як ҳафта ба кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Русия таъсири бад гузошт. Теъдоди бекорон аз ҳисоби онҳо зиёд мешавад.

Мақомот ба як захмии муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пойи сунъӣ надодаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо гузашти даҳ моҳ аз муноқишаи маргбор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, як сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъача наметавонад, дигарбора ба пояш рост биистад. Темуралӣ Наврӯзов дар он ҳодиса захмӣ шуд ва табибон қисме аз пояшро буриданд. Мақомот ваъда дода буданд, пойи сунъӣ мегиранд, вале иҷро накардаанд.

"Истиқлол" бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои AFC-ро дар Арабистони Саудӣ мегузаронад

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, барои баргузор кардани бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар минтақаи Ғарб ба мисли соли гузашта ба Арабистони Саудӣ меравад, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳ.  Ба иттилои манбаъ, «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Ал-Райян» (Қатар), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) ... Читать дальше...

Темуралӣ аз пояш маҳрум шуд, қарзро ба танҳоӣ бармегардонад

Ozodi.org 

Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки соли гузашта дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз пояш маҳрум шуд, ҳанӯз мунтазири иҷрои ваъдаи мақомот ҳаст, ки ба ӯ барои ба пой хестан, кумак мерасонанд.

Дар Данғара ба истеҳсоли бензин оғоз мекунанд?

Ozodi.org 

Мақомот дар Данғара мегӯянд, барои ба кор андохтани яке аз полоишгоҳҳои азими нафт ва истеҳсоли маводи сӯхт бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд ва мумкин аст, дар ояндаи наздик дар дохили Тоҷикистон бензин истеҳсол шавад.

Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон аз раъйдиҳӣ ба зидди Русия худдорӣ карданд

Ozodi.org 

Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид бо аксарияти оро ба тарафдорӣ аз қатъномае рой дод, ки дар он аз Русия тақозо шудааст, фавран ҷангро дар Украина бас карда, нерӯҳояшро аз қаламрави Украина берун кашад.

Алишер Усмонов муваққатан аз раҳбарии Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ канор рафт

Ozodi.org 

Муассиси ширкати ҳолдингии USM, соҳибкори рус Алишер Усмонов, вазифаи президенти Федератсияи байналмилалии шамшербозиро "то барқарор шудани адолат" мутаваққиф кардааст. Дар ин бора изҳороти ӯ дар сайти ин федератсия нашр шудааст.

СММ: "Шумораи паноҳҷӯёни украинӣ аз як миллион гузашт". Ҷонибҳои даргир омори қурбониёнро эълон карданд

Ozodi.org 

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон рӯзи 2-юми март гузориш дод, ки аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, дар ҳафт рӯзи гузашта, як миллион украинӣ кишварашонро тарк кардаанд.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *