Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2022

Новости за 18.03.2022

Намоиши суханронии Владимир Путин дар Лужники қатъ шуд

Ozodi.org 

Телевизиони давлатии Русия Россия-24 рӯзи 18-уми март пахши суханронии раиси ҷумҳур Владимир Путинро, ки дар ҳузури издиҳоми бузурги маскавиҳо дар майдони Лужники дар Маскав идома дошт, пеш аз анҷоми он ногаҳон қатъ кард.

Фарзандони Маҳмурод Одинаев ба дидори падар ба зиндон рафтаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бори аввал пас аз маҳкум шуданаш ба зиндон пайвандони Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо ӯ мулоқот карданд. Дидор пас аз 1 солу 3 моҳ имконпазир шудааст ва наздикони Одинаев мегӯянд, аз вазъи сиҳатии ӯ дар зиндон нигаронанд.

Русҳо аз ватанашон фирор мекунанд

Ozodi.org 

Ҳамлаи Русия ба Украина даҳҳо ҳазор нафарро дар ин кишвар водор кардааст, ки ба таври фаврӣ ба хориҷа фирор кунанд. Онҳо ба ояндаи кишварашон, ки ҳар рӯз дар инзивои бештар қарор мегирад, хушбин нестанд.

Меъёри хушбахтӣ аз назари тоҷикон кадом аст? ВИДЕО

Ozodi.org 

Имрӯз 20-уми мартро Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ эълон кардааст. Чизе, ки ҳамаи инсонҳо мехоҳанд, ба он бирасанд ва аз ҳар роҳ. Яке аз роҳи саъю кӯшишу талош, дигарӣ аз роҳи кору заҳмати зиёд ва иддае ҳам аз роҳи дуздиву қонуншиканӣ.

"Дар ҷайбат пул бошад, хушбахт мешавӣ, набошад, аз куҷо?"

Ozodi.org 

Имрӯз 20-уми мартро Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ эълон кардааст. Дар Тоҷикистон сокинон бар асоси кадом меъёрҳо худро хушбахт мешуморанд. Рӯзи 18-уми март Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки барои хушбахт шудан ба инсон чӣ лозим аст? Ин посухҳоро гирифт.

Душанбе мизбони мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба кураш

Ozodi.org 

Рӯзҳои 19-20-уми март дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе мусобиқаи XI қаҳрамонии Осиё оид ба кураш баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа иштироки варзишгарони беш аз 20 кишвари Осиё дар назар аст. То ҳоло дастаҳои Тайпейи Чин, Кувайт, Тайланд, Индонезия, Ҳиндустон, Муғулистон ва Эрон ба Душанбе омадаанд. Дар доираи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё имрӯз, 18-уми март, дар меҳмонхонаи “Hilton” иҷлосияи Конфедератсияи кураши Осиёву Уқёнуси Ором доир мегардад. Дар иҷлосия масъалаҳои рушди кураш дар қора... Читать дальше...



Олаф Шолтз аз Владимир Путин хостааст, ҷангро қатъ кунад

Ozodi.org 

Олаф Шолтз, садри аъзами Олмон аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хостааст, ки ҳамла ба Украинаро қатъ кунад ва имкон бидиҳад, буҳронро аз роҳи дипломатӣ ҳал кунанду аз як фалокати башарӣ пешгирӣ намоянд.

Як хеши дигари Нурсултон Назарбоевро дастгир кардаанд

Ozodi.org 

Ғайрат Боронбоев, яке аз сарватмандтарин шаҳрвандони Қазоқистон ва падарарӯси набераи фавтидаи Нурсултон Назарбоевро бо иттиҳоми дуздии моликияти ғайр боздошт кардаанд. Хадамоти Назорати Молии Қазоқистон рӯзи 17-уми март бо нашри як баёния гуфт, ки Ғайрат Боронбоеви 55-сола бояд то замони анҷоми таҳқиқи парвандааш то ду моҳ дар боздоштгоҳ бимонад. Духтари Боронбоев, Алима Боронбоева ва Ойсултон Назарбоев, набераи Нурсултон Назарбоев соли 2013 издивоҷ карданд. Ойсултон, ки бино ба гузоришҳо нашъаманд... Читать дальше...

Коҳиши назарраси интиқоли пули муҳоҷирони узбек ба ватан

Ozodi.org 

Раиси Бонки миллии Узбекистон Мамаризо Нурмуродов гуфт, аз моҳи марти соли равон ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба он кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. "Ҳаҷми умумии интиқоли пул аз Русия ба Узбекистон дар нимаи аввали моҳи марти соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Вале ҳоло гуфтан мушкил аст, ки коҳиши интиқоли маблағ дар пасманзари беқурбшавии рубл ба миён омадааст, ё не", - изҳор дошт Нурмуродов. Аммо раиси Бонки миллии Узбекистон дар ин замина арқоми дақиқеро зикр накард. Читать дальше...

Теъдоди паноҳҷӯёне, ки ба Лаҳистон гурехтаанд, аз 2 миллион нафар гузашт

Ozodi.org 

Хадамоти Марзбонии Лаҳистон мегӯяд, ки теъдоди паноҳҷӯёне, ки аз тарси ҳамлаи бедалели Русия ба Украина ба он кишвар ворид шудаанд, аз марзи 2 миллион гузаштааст, ки бештар аз аҳолии пойтахт шаҳри Варшава аст. Хадамоти мазкур рӯзи 18-уми март дар Твиттер хабар дод, ки вуруди паноҳҷӯён батадриҷ камтар мешавад ва дар 24 соати гузашта 52 ҳазор нафар ба Лаҳистон омадаанд. Дар навиштаи Хадамоти Марзбонии Лаҳистон дар Твиттер омадааст: “Аксарияти онҳо занону кӯдаконанд. Марзбонон аввалин лаҳистониҳое ҳастанд... Читать дальше...

Русия ба таъмиргоҳи ҳавопаймоҳои низомии Лвов зарба задааст

Ozodi.org 

Раиси шаҳри Лвови Украине мегӯяд, мушакҳои Русия рӯзи 18-уми март ба як коргоҳи таъмири ҳавопаймоҳо дар як фурудгоҳ бархӯрда ва ба он осеб расонидаанд. Аз тарафи дигар Ҷопон ва Австралия эълон карданд, ки ба зидди чанде аз муассисаҳои Русия таҳримоти нав эъмол мекунанд. Андрей Садовий, раиси шаҳри Лвов рӯзи 18-уми март гуфт, чанд мушак ба таъмиргоҳи ҳавопаймоҳои низомӣ бархӯрда, ба таъмиргоҳ ва як коргоҳи дигари таъмири автобусҳо осеб расондааст. Дар бораи талафот гузорише нарасидааст. Неруҳои Русия ҳамла ба дигар шаҳрҳои Украина... Читать дальше...

Дар Қирғизистон истеъфои вазири тандурустиро талаб доранд

Ozodi.org 

Собиқ вакили порлумони Қирғизистон Галина Куликова 18-уми март дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки барои ҳифзи шаъну шарафи донишманд ва ҷарроҳи машҳури он кишвар Эрнст Акрамов ситоди махсус ташкил шудааст. Куликова аз президент Содир Ҷабборов ва раиси Девони вазирон Оқилбек Жапаров даъват кардааст, ки нисбат ба вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев чораандешӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ситоди ҳимоят аз Акрамов истеъфои вазири тандурустии Қирғизистонро талаб мекунад. Пештар вакили... Читать дальше...

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, дар ҷанги Украина ба 43 муассисаи тиббӣ ҳамла шудааст

Ozodi.org 

Дар амалиёти ҷангӣ дар Украина на камтар аз 43 муассисаи тандурустӣ мавриди ҳамла қарор гирифта, на камтар аз 12 кас дар муассисаҳо фавтидааст. Дар ин бора раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ рӯзи панҷшанбе хабар дод. Ба гуфтаи вай, ҳамла ба муассисаҳои тандурустӣ дар ҳама гуна ҷангҳо поймолсозии ҳуқуқи байналхалқии башарӣ баҳо дода мешавад. Намояндагони кишварҳои Ғарб дар ҷаласаи Шӯрои амният бори дигар амалиёти Русияро танқид ва даъват карданд, ки тиркушоӣ фавран қатъ шавад.

Дар Алмато ба баргузории гирдиҳамоии зидди ҷанг иҷоза надоданд

Ozodi.org 

Ҳукумати шаҳри Алматои Қазоқистон ба фаъолони шаҳрвандӣ иҷоза надод, ки гирдиҳамоии зидди ҷанги Русия дар Украинаро баргузор кунанд. Дар ин бора Алнур Иляшев, яке аз фаъолон рӯзи 17 март дар "Фейсбук" хабар дод. Фаъолон ҳанӯз 11-уми март барои баргузории гирдиҳамоӣ дархост дода буданд ва ин гирдиҳамоӣ мебоист, 19-уми март таҳти шиори "Ҳимоят аз мардуми украин. Қатъи ҷанг дар Украина" баргузор шавад. Аз ҳукумати шаҳри Алмато ин мавзуъро то ҳанӯз шарҳ надодаанд. Иляшев гуфт, фаъолон тасмим доранд... Читать дальше...

Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод дар Рига ва Вилнюс намояндагӣ мекушояд

Ozodi.org 

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар пойтахти Латвия, шаҳри Рига ва пойтахти Литва, шаҳри Вилнюс намояндагӣ таъсис медиҳад. Радиои Озодӣ дар ин бора рӯзи 17 март, баъд аз он хабар дод, ки намояндагии радио дар шаҳри Москва ба далели фишорҳои мақомоти Русия ва таҳдиди амниятӣ ба рӯзноманигорон баста шуд. Дар идораи нав дар Латвияву Литва рӯзноманигорони Бахши русии Радиои Озодӣ, ки пештар дар Москва кор мекарданд, ҳамчунин телевизиони "Настояшее Время" ва рӯзноманигорони Бахши белорусии Радиои Озодӣ... Читать дальше...





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *