Мы в Telegram
Добавить новость
smi24.net
Ozodi.org
Март
2022

Новости за 17.03.2022

Помир. Зиндагӣ дар муҳосира. ВИДЕО

Ozodi.org 

Моҳи чаҳорум аст, ки мақомоти Душанбе ба муҳосираи иттилоотӣ ва низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома медиҳанд. Ин вилоят дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир аст. Президент Эмомалӣ Раҳмон 30 сол боз дар сари қудрат аст, вале мардум дар ҷустуҷӯйи кор ба Русия мераванд.

Помир: Зиндагӣ дар муҳосира

Ozodi.org 

Моҳи чаҳорум аст, ки мақомоти Душанбе ба муҳосираи иттилоотӣ ва низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома медиҳанд. Гузориши телевизиони "Садои Амрико"

S7 парвози ҳавопаймоҳоро ба Тоҷикистон "оғоз мекунад", вале кай? ВИДЕО

Ozodi.org 

Намояндаи ширкати "Сибир" ё S7 дар Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои наздик як қисми парвози ҳавопаймоҳоро ба Русия дубора барқарор мекунанд. Ин ширкат 5-уми март парвозҳояшро ба Тоҷикистон ё баръакс қатъ карда, даҳҳо нафарро дар Тоҷикистон ва Русия сарсон кард.



Оё танҳо ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ нархҳоро поин хоҳад бурд?

Ozodi.org 

Намояндагони бозорҳо мегуянд, дар амборҳои худ захираи кофӣ доранд ва бо ташкили ярмакаҳояшон талош мекунанд маводи нисбатан арзонро ба муштариён дастрас кунанд, вале харидорон шикоят доранд, ки зурашон ба нарху навои феълӣ намерасад.

Ширкатҳои ҳавоии Русия мусофиронро сарсон кардаанд

Ozodi.org 

Намояндаи ширкати ҳавоии "Сибир"дар Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои наздик як қисми парвозҳоро ба Русия дубора барқарор мекунанд. Ин ширкати русӣ рӯзи 5-уми март ҳамаи парвозҳои худро ба Тоҷикистон қатъ карда, даҳҳо нафарро дар Тоҷикистон ва Русия сарсон кард.

Аниса Собирӣ: "Русия худро дар ҳолати наздик ба худкушӣ гузоштааст." ВИДЕО

Ozodi.org 

Русия 24 феврали имсол ба хоки Украина ҳуҷум кард. Маскав онро "амалиёти вижаи ҳарбӣ" медонад, аммо хабарҳо баёнгари як буҳрони амиқи башарӣ ҳастанд. Даҳҳо бинои истиқоматӣ, бемористону театр бомбаборон шуда, беш аз се миллион нафар хонаҳои худро тарк карданд. Дигарон дар таҳхонаҳо ба сар мебаранд.

"Хатлон" ва "Равшан" дар финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022

Ozodi.org 

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022, ки бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, ба поён расид. Аз рӯи натиҷагирии он дастаҳои ширкаткунандаи бозии ниҳоии мусобиқа маълум шуданд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, “Хатлон”, ки дар ҳарсе бозиаш пирӯз шуд, бо 9 имтиёз дар гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб кард ва ба финал баромад. “Равшан” бо 7 имтиёз дар гурӯҳи “Б” ғолиб гардид. “Эсхата”-и Хуҷанд” низ 7 имтиёз... Читать дальше...

Ҷопон ба Олимҷон Салимзода ҷоизаи "Тулӯи Офтоб" дод

Ozodi.org 

Ҳукумати Ҷопон ба вакили пешини порлумони Тоҷикистон, Олимҷон Салимзода, ордени "Тулӯи Офтоб" дод. Ин яке аз ҷоизаҳои асосии Ҷопон буда, барои дастовардҳои барҷастаи ҳарбӣ ва мулкӣ дода мешавад. Пештар ин ҷоизаро ба Талбак Назаров, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон, дода буданд. Нишони "Тулӯи Офтоб" бо ситораи тило ва нуқрааш аз соли 1875 тақдим мешавад.

Русияро аз Шӯрои Аврупо берун карданд

Ozodi.org 

Ба ҷуз ин, аз 16-уми март Русия дигар узви Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон нест. Акнун додгоҳҳои Русия вазифадор нестанд, ки аз содир кардани ҳукми қатл худдорӣ варзаданд.

Президенти Украина ба таври онлайнӣ дар Конгресси Амрико сухан гуфт

Ozodi.org 

Бастаи нави ёриҳои Амрико пас аз муроҷиати президенти Украина ба қонунгузорони амрикоӣ сурат мегирад, ки рӯзи чаҳоршанбе гуфт, дар пайи ҳамлаи сеҳафтаинаи артиши Русия барои ҳифзи кишвараш талоши бештар мекунад.

Иштироки шаш паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Antalya Grand Slam 2022"

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Antalya Grand Slam 2022", ки рӯзҳои 1-3-юми апрел дар Анталияи Туркия баргузор мешавад, шаш варзишгари тоҷик иштирок хоҳанд кард. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи "Antalya Grand Slam 2022" то имрӯз, 17-уми март, иштироки 458 варзишгар (277 мард ва 181 зан) аз 62 кишвар дар назар аст. Тоҷикистонро дар сабқати мардон Абубакр Шеров, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён... Читать дальше...

Бунёди Авруосиё барои буҷаи Қирғизистон $160 млн кӯмак мекунад

Ozodi.org 

Бунёди субот ва рушди Авруосиё омода аст, барои буҷаи Қирғизистон 160 млн доллар кӯмак расонад. Девони вазирони Қирғизистон тасмим дорад, ин маблағро ба бахшҳои иқтисодӣ ирсол кунад. Кӯмаки 160 миллионӣ дар ду қисм - солҳои 2022 ва 2023 ба Қирғизистон ирсол мешавад. Вазири молияи Қирғизистон гуфт, ин созиш соли 2021 ҳосил шуда буд. Дар соли 2021 Қирғизистон аз созмонҳои кӯмакрасони байналхалқӣ қариб 450 миллион доллар дарёфт кардааст.

Додгоҳи СММ аз Русия талаб кард, ҷанг дар Украинаро қатъ кунад

Ozodi.org 

Додгоҳи байналхалқии СММ дар Гаага қарор қабул кард, ки Русия бояд ба таври фаврӣ амалиёти ҷангиро дар ҳудуди Украина қатъ кунад. Додгоҳ ҳамчунин аз Москва ва Киев талаб кард, аз ҳама гуна иқдоме худдорӣ варзанд, ки ҷангро шадидтар мекунад. Додгоҳи СММ даъвои Украина нисбати Русияро рӯзи 7-уми март ба баррасӣ гирифт. Киев Москваро дар шарҳи нодурусти конвенсияи байналхалқӣ дар бораи наслкушӣ айбдор мекунад. Бино ба даъвои Киев, ҳукумати Русия бо сӯистифода аз конвенсия ба ҳудуди Украина ҳамла кардааст. Читать дальше...

Дар Узбекистон болоравии доллари ИМА нархи маҳсулоти ғизоиро гарон кард

Ozodi.org 

Дар Узбекистон қурби доллари ИМА дар чанд рӯзи охир боло рафт. То ибтидои моҳи март 1 доллари ИМА ба 10 500 сӯм баробар, ҳоло 1 доллар ба 11 200 сӯм расидааст. Ҳаётулло, як фурӯшанда аз бозори "Эски шаҳр"-и Андиҷони Узбекистон гуфт, орд, равған ва гӯшт дар рӯзҳои охир 10-15 дарсад афзудааст. Дима Қаюм, як блогнавис аз Фарғона мегӯяд, болоравии маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ мустақиман ба ҷанги Русия дар Украина рабт дорад.





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *